Сарфароз гардидан бо медали «Хизмати шоиста»
Муҳтарам Содиқзода Хурсанд Сафар!
Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданатонро, ки бевосита аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид, ба Шумо ва кулли омӯзгорону кормандони Донишкада самимона муборакбод мегӯем.
Ин мукофоти давлатӣ нишони баланди қадршиносӣ аз меҳнати содиқона, фаъолияти пурсамар, хизматҳои арзанда дар рушди соҳаи маориф ва саҳми Шумо дар пешрафти Донишкада мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки чунин қадршиносии давлатӣ ба роҳбари муассисаи мо насиб гардидааст.
Бовар дорем, ки ин мукофоти олӣ ба фаъолияти минбаъдаатон неруи тоза бахшида, барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузу мақоми Донишкада дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб заминаи мусоид фароҳам меорад.
Медали «Хизмати шоиста» ро бароятон аз номи кулли омузгорону кормандони Донишкада муборакбод мегуем!
Ба Шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, неруи созанда ва дар фаъолияти минбаъдаи роҳбарӣ комёбиҳои бештар орзу менамоем.
Ин дастоварди арзанда ба кулли омӯзгорону кормандони Донишкада низ муборак бошад!
Ҷомеаи меҳнатии донишкада